Ширкати инноватсионии технологӣ аз Тоҷикистон, ки барои тиҷорат маҳсулоти рақамӣ месозад.
5соли таҷриба
дар таҳияи маҳсулоти рақамӣ
250+мутахассис
ҳар рӯз бо лоиҳаҳо кор мекунанд
25+маҳсулот
аллакай кумак мекунанд, ки тиҷоратҳо зудтар рушд ёбанд
Таърих
Alif Tech дар дохили Алиф бунёд шуд. Дар аввал мо маҳсулоти молиявию технологӣ ва хизматрасониҳои дохилӣ месохтем, то ки корҳои ҳаррӯзаи дастаҳо, тиҷорат ва мизоҷон осонтар шаванд.
Имрӯз бошад, мо ширкати технологии мустақил ҳастем. Маҳсулоти худро рушд медиҳем ва ба ширкатҳои дигар барои сохтани лоиҳаҳои рақамӣ кумак мерасонем.
Дар дастаамон 250+ мутахассис дорем. Аз Душанбе ва Хуҷанд фаъолият карда, бо мизоҷон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои ИДМ ҳамкорӣ мекунем.

Арзишҳо

Ман чун Алифам
Дар амалҳоям бовиҷдон, ростқавл ва самимӣ ҳастам.

Алиф аз ман аст
Онро мисли хонаи худ дӯст медорам ва барои боз беҳтар карданаш аз таҳти дил кор мекунам.

Ғайриоддиям
Қолабҳоро шикаста, аз интизориҳо зиёдтар корро иҷро мекунам.

Бетараф нестам
Ҳамеша омодаам, ки ҳамкорону Алифро кумак ва дастгирӣ намоям.

Ман ҳокими нафсам
Танбалӣ намекунам ва хоҳишҳоямро идора менамоям.

Имрӯз аз дирӯз беҳтарам
Доим малакаҳои нав омӯхта, худро беҳтар мекунам.

Пешравӣ бе хато нест
Хатоҳоямро қабул карда, аз онҳо дарс мегираму беҳтар мешавам.
Даста
Ҳаёти Alif Tech
Кумак лозим?
Бо таҳия, пурқувват кардани даста ва оғози лоиҳаи нав кумак мекунем.
© 2026. alif tech
Сиёсати махфият
Истеҳсоли дастаи Alif Tech